Январ

20

Бояд қайд намуд, ки имсол ба даври ҷумҳуриявии Озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019» панҷ нафар иштирокчӣ аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, ШНТҶ ва шаҳри Душанбе роҳхат гирифтаанд. Инҳо омӯзгори фанни физика аз мактаб Интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшони ВМКБ Ризоалӣ Маҳмадназарбеков, омӯзгори фанни географияи Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Некрӯз Турсунзода, омӯзгори фанни забони англисӣ аз Литсейи физикӣ-математикии рақами 1 шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Дилафрӯз Каримова, омӯзгори фанни таърих аз Мактаби байналмилалии Президентии шаҳри Душанбе Саид Раҳимов ва омӯзгори фанни ҳуқуқи Литсейи ба номи Тимур Собирови шаҳри Ваҳдат Ҳабиба Соҳибова дар даври ниҳоӣ ҳунару маҳорати худро санҷиданд ва ғолибият дар ин Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019» насиби омӯзгори шаҳри Хуҷанд Дилафрӯз Каримова гардид. Имсол даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур аз рӯйи ҳафт шарт доир гардида, дар он муаррифии таҷрибаи кори омӯзгорон, гузаронидани маҷлиси падару модарон, кор бо компютер, гузаронидани дарсҳои конкурсӣ аз рӯй ихтисос, таҳлили дарс, дарси тарбиявӣ ва посух ба саволҳо гузаронида шуд. Бояд зикр намуд, ки даври аввали озмун дар муассисаҳои таҳсилотӣ, даври дуввум дар шаҳру ноҳияҳо, даври сеюм дар вилоятҳо ва даври ҷумҳуриявии он дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда мешавад. Дилафруз Каримова ғолиби даври шаҳри ва вилоятии озмуни мазкур гардида буд. Даври ҷумҳуриявии озмун тайи ду рӯз идома ёфта, баъзе аз шартҳои онҳо дар мактабҳои шаҳри Душанбе доир гардиданд. Дар маросими ҷамъбастӣ ба ғолиб ва иштирокчиёни озмун туҳфаҳои рамзӣ, маблағ, нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дипломи Вазорати маориф ва илм, ифтихорномаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм ва роҳхат ба осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо барои истироҳату табобат супорида шуд. Бояд қайд намуд, ки соли гузашта барандаи “Мураббияи соли Тоҷикистон”-мураббияи ширхоргоҳ- кӯдакистони рақами 27-и шаҳри Хуҷанд Ҳанифа Валиева гардида буд. Муборак шавад!
Январ

20

Санаҳои 28.12.2019-30.12.2019 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон даври ниҳоии Олимпиадаи Х1 Авруосиёгӣ ва Олимпидаи кушоди умумирусиягии даставӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ баргузор гардид. Шарафи кишвари моро 7 даста (як даста аз вилояти Суғд ва 6 даста аз шаҳри Душанбе) — ғолибони даври аввали озмун тариқи фосилавӣ ҳимоя намуданд. Боиси ифтихор аст, ки аъзои дастаи вилояти Суғд, се нафар хонандагони Литсейи физикӣ — математикии рақами 1 — и шаҳри Хуҷанд — Раҳимҷон Ҳакимов, Абдурафиқи Абдушариф ва Муҳаммадаюб Умаров таҳти роҳбарии омӯзгори литсей Ҳусейнҷон Ачилов аз фанни технологияи иттилоотӣ дар Олимпиадаи Х1 Авруосиёгӣ сазовори ҷойи якум ва дар Олимпиадаи кушоди умумирусиягӣ сазовори мақоми сеюм гардиданд. Ғолибият дар ин озмуни бонуфузи байналмилалӣ имкон дод, ки ҳар се ғолибон минбаъд таҳсили худро дар Донишгоҳи техникии Қазоқистону Британияи шаҳри Алмаато ва дар Донишгоҳи Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон идома диҳанд. Дар озмуни даставии Олимпиадаи кушоди умумирусиягӣ бошад, дастаи Литсейи физикӣ — математикӣ сазовори ҷой 3-юм гардид, ки беҳтарин дастовард миёни 256 даста аз давлатҳои Иттиҳоди давлатҳои муштаркулманофеъ мебошад.
Ноябр

24

Бахшида ба рӯзи Парчами миллӣ дар литсей ҷамъомади пагоҳирӯзӣ гузаронида шуд, ки дар он омӯзгорон ва ҳамаи хонандагон иштирок намуда хонандагони синфи 8 ум ва 9 ум баромад намуда дар бораи қабули Парчами миллӣ ва эълон шудани рӯзи Парчам маълумот доданд.
Апрел

25

Санаи 22.04.2017 дар ш. Душанбе ва н. Ҳисор Олимпиадаи даставӣ ва номӣ баргузор гардид. Дар он хонандагони синфҳои 10-11 иштирок намуданд. Дар Олимпиадаи даставӣ аз фанни химия хонандаи синфи 11а Бобоев Комронбек ҷои III, хонандаи синфи 11а шарипова Мавзунахон аз фанни забони англисӣ ҷои III, Ҳошимова Мунира хонандаи синфи 11в аз фанни математика ҷои I, хонандаи синфи 10б Ҷӯраев Матин аз фанни математика ҷои III, хонандаи синфи 10в Ҳакимов Муҳаммадҷон аз фанни тех. иттилоотӣ ҷои Iғро ишғол намуданд.
Апрел

18

Аз санаи 3.04.2017 то санаи 10.04.2017 дар литсей ҳафтаи физика ва астраномия гузаронида шуд. Дар он хонандагони синфҳои 5-11 фаъолона иштирок намуданд.
Апрел

18

Аз санаи 3.04.2017 то 8.04.2017 дар литсей фестивали китобҳо бахшида ба ҳафтаи китоб гузаронида шуд. Бо иштироки хонандагони синфҳои 5-7 санаи 6.04 чорабинии "Китоб манбаи дониш" баргузор гардид.